Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии арзҳои хориҷӣ дар Русия
Маъмурони фурудгоҳи байналмилалии “Минеральные Воды” дар шимоли Қафқоз, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии арзҳои хориҷӣ боздошт кардаанд.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин шаҳрванди Тоҷикистон қасд доштааст, ки маблағи 4 миллион рубл (муодили 60 ҳазор доллар) -ро бо 7 арзи хориҷӣ аз Русия ба ҷумҳурии Озарбойҷон ворид кунад, ки боздошт шудааст.
Ин фард барои парвоз “Минеральные Воды” ба Бокуро интихоб карда буд, ки ҳангоми бозрасии маъмурони гумруки фурудгоҳи байналмилалии “Минеральные Воды” шиносоӣ ва боздошт шуд.
Ҳангоми бозрасии васоили ин шаҳрванди Тоҷикистон еврои Иттиҳоди Аврупо, доллари Амрико, лори Гурҷистон, риёли Эрон, тангаи Қазоқистон, рубли Русия ва манати ҷумҳурии Озарбойҷон кашфу мусодира шудааст.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар тавҷеҳи ин иқдом иддао карда, ки бо қонунҳои Русия дар бораи мизони муҷози маблағи интиқолӣ ба хориҷ ошноӣ надошта ва ин корро амдан анҷом надодааст.
Дар Русия интиқоли арз ба хориҷ то сақфи 10 ҳазор доллар муҷоз аст ва барои маблағи беш аз ин мизон, бояд изҳорномаи гумрукӣ ироа шавад.
Бар асоси қонунҳои ҷиноии Русия, барои афроде, ки ба таври ғайриқонунӣ ба хориҷ арз мунтақил мекунанд, ҷаримаи молӣ ва то 4 сол маҳкумият ба зиндон дар назар гирифта шудааст.