Декабр 29, 2018 10:00 Asia/Dushanbe
  • Аҳамияти муҳоҷират барои Русия ва Тоҷикистон

Сафири Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷират ба нафъи Маскав ва Душанбе аст ва ин ду кишвар наметавонанд аз ин раванд мунсариф шаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Спутник, Игор Лякин Фролов гуфтааст, ки кишвараш дар ҳоли ҳозир ба вуруди коргарони муҳоҷир, аз ҷумла тоҷикон ниёз дорад ва барои Тоҷикистон низ фаъолияти коргарони муҳоҷир дар Русия аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Русия бо мушкили рушди ҷамъият рӯбарӯ аст ва теъдоди шаҳрвандони нерӯи кори ин кишвар дар ҳоли коҳиш ёфтан аст, аммо Тоҷикистон бо рушди болои ҷамъият - тавони иштиғолзоӣ барои нерӯи кори ҷавони хешро надошта ва ба фиристодани коргар ба хориҷ ниёз дорад, ки бештарин атбои ин кишвар дар Русия фаъолият мекунанд.

Вай таъкид кардааст, ки Русия аз ҳама бештар ба вуруди коргарони муҳоҷир, аз ҷумла тоҷикон ба манотиқи рустоии Сибир ва Шарқи Дур ниёз дорад ва бахше аз ин нерӯҳо бояд аз ҳисоби коргарони тоҷик таъмин шаванд, ки барои онон имтиёзоте дар назар аст.

Ба гуфтаи Фролов, имсол ҳазору 300 хонавода, шомили панҷ ҳазору 500 нафар бо дарёфти осони тобеияти Русия, аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд.

Давлати Русия барои хоҳишмандони кору зиндагӣ дар манотиқе аз ин кишвар, ки мақомоти Маскав мушаххас мекунанд, 250 ҳазор рубл ва ба ҳар узви хонавода 120 ҳазор рубл эъто мекунад.

Гуфта мешавад, дар ду даҳаи ахир беш аз 500 ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд ва ин омор илова бар кӯчи беш аз як миллион нафар рустабор аз Тоҷикистон ба Русия аст.

Ба гуфтаи коршиносон, Маскав мехоҳад бо ташвиқи шаҳрвандони хориҷӣ барои пазириши тобеияти ин кишвар ва кӯч бастани онон барои зиндагӣ дар Русия, мушкили камбуди рушди ҷамъият ва нерӯи кори худро ҷуброн кунад.

 

 

Барчасп