Декабр 31, 2018 12:48 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Русия аз афзоиши тоҷикони ду шаҳрвандӣ

Мақомоти вазорати кишвари Русия гуфтаанд, бо ин ки шумори хонаводаҳо ва шаҳрвандони тоҷик, ки дархости шаҳрвандии ин кишварро додаанд афзоиш ёфтааст, аммо бисёре аз ин афрод ба Русия муҳоҷират накардаанд ва дар Тоҷикистон ба зиндагии ду шаҳрвандии худ идома медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Владимир Маркович, раиси намояндагии вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки аз ибтидои соли 2018 то поёни моҳи ноябр 2 ҳазору 300 хонаводаи тоҷик довталаби муҳоҷират ба Русия шудаанд, ки бо эҳтисоби моҳи декабр, ин рақам ба ҳудуди ду ҳазору 500 хонавор мерасад.

Маркович афзуд, бисёре аз ин афрод баъд аз дарёфти шаҳрвандии Русия ба ин кишвар нарафта, балки ба сурати «дутобеиятӣ» дар Тоҷикистон ба зиндагии худ идома додаанд.

Вай гуфт, ин афрод бо ҳадафи мушаххасе шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунанд, зеро шаҳрвандӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки ниёзе ба дарёфти муҷаввизи кор ва пардохти молиёт ва ҳазинаҳои мухталиф надошта бошанд ва аз дардисарҳои қонунӣ халос шаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки давлати Тоҷикистон доштан тобеияти дуввумро барои бархе қишрҳо монанди кормандони давлат, нерӯҳои амниятӣ, додситонҳо ва вакилони мудофеъ мамнуъ кардааст.

Маркович афзуд, аз тариқи барномаи муҳоҷират, имсол ҳудуд ҳазору 300 хонаводаи тоҷик шомили панҷ ҳазору 500 нафар ба Русия муҳоҷират кардаанд, ки ин теъдод дар соли 2017 ҳудуди ҳазору 200 ва соли пеш аз он, 820 хонавода буд.

Бар асоси оморҳои расмӣ, аз ибтидои истиқлоли Тоҷикистон токунун беш аз 300 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвари тобеияти Русияро дарёфт кардаанд.

Барномаи давлатии «пересиление» ё муҳоҷират аз соли 2007 фаъолияти худро оғоз карда ва бино бар додаҳои расмии мақомоти Русия дар 11 соли фаъолиташ ба беш аз 800 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, тобеияти русӣ додааст.

 

Барчасп