Январ 01, 2019 09:40 Asia/Dushanbe
  • Таъсири доллару рубл дар зиндагии тоҷикон дар соли 2018

Дар соли 2018 дар Тоҷикистон ноустувории қимати доллару рубли русӣ ба унвони ду арзи аслии мавриди истифода дар бозори муомилоти молӣ таъсири зиёде ба зиндагии мардум доштааст.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, дар соли 2018 арзиши сомонӣ, воҳиди пули миллии Тоҷикистон дар баробари доллар 6.9 дарсад коҳиш ёфт ва хариди доллар низ сахттар шуда, камбуди он то ба ҳол эҳсос мешавад. Агар дар аввали январи соли 2018 арзиши як доллар баробар бо 8 сомонию 81 дирам буд, рӯзи 31-уми декабр ин шохис ба 9 сомонию 43 дирам расид.

Коршиносони Бонки миллии Тоҷикистон тарози манфии тиҷорати хориҷии ин кишварро, ки дар соли 2018 ба се миллиарду 843 миллион доллар расида ва як миллиарду 861 миллион доллар ба нафъ воридот аст, умдатарин омили коҳиши арзиши сомонӣ медонанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2019 коҳиши седарсадии арзиши сомонӣ дар баробари долларро пешбинӣ кардааст, ки бар асоси он, баҳои ҳар доллар ба 9 сомонию 70 дирам хоҳад расид. Аммо аз сӯйи дигар дар соли 2018 арзиши рубли русӣ дар баробари сомонӣ коҳиш ёфт, ба тавре ки агар дар аввали ин сол як сомонӣ баробар бо 152 рубл буд, дар авохири сол ин шохис ба як сомонӣ дар баробари 135 рубл расид. Наздик ба 90 дарсад аз ҳудуди ду миллиард долларе, ки коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишвари хеш дар соли 2018 ирсол кардаанд, ба рубл будааст.

Ин дар ҳолест, ки арзиши евро, ки дар бозори муомилоти молии Тоҷикистон камтар истифода мешавад, дар баробари сомонӣ тағйири зиёде накардааст. Агар дар аввали январи соли 2018 арзиши як евро баробар бо 10 сомонию 57 дирам буд, дар рӯзи 31-уми декабр ин шохис ба 10 сомонию 80 дирам расид.