Январ 01, 2019 10:01 Asia/Dushanbe
  • Оғози содироти тракторҳои сохти Тоҷикистон ба Узбакистон

Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон аз оғози содироти тракторҳои тавлидшуда дар корхонаи муштараки ин кишвар ва Белорус ба Узбакистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, дар нахустин марҳала ҳашт трактори тавлидшуда дар корхонаи монтажи тракторҳои “Белорус” дар маркази ноҳияи Ҳисор ба Узбакистон содир шудааст. Мақомоти ин вазорат таъкид кардаанд, ки дар соли 2019 тавлиди анбуҳи тракторҳои "Блорус-80" ва "Блорус-82" дар ин корхона роҳандозӣ хоҳад шуд ва заминаи истифодаи дохилӣ ва содироти он ба Узбакистон, Афғонистон ва Покистон вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи сентябри соли 2018 дар маркази ноҳияи Ҳисор марҳалаи дувуми корхонаи монтажи тракторҳои "Белорус" ба баҳрабардорӣ расид, ки аз зарфияти тавлиди ҳазору 700 трактор дар сол бархурдор мебошад. Таҷҳизоти насбшуда дар ин корхона имкони тавлиди тракторҳои "Белорус-80" ва "Белорус-82"-ро фароҳам месозад, ки ба тадриҷ ба зарфияти арзаи як ҳазору 700 дастгоҳ аз ин таҷҳизот дар сол хоҳад расид. Аз сӯйи дигар бахши кишоварзии Тоҷикистон ба иллати кӯҳна ва фарсуда шудани мошинҳои кишоварзӣ ба шиддат ба навсозии таҷҳизот ниёз дорад, ки бо роҳандозии корхонаи монтажи тракторҳои Белорус дар шаҳри Ҳисор заминаи ҳалли ин мушкил фароҳам хоҳад шуд.