Январ 03, 2019 09:58 Asia/Dushanbe
  • Додситонии низомии Бадахшон: Куштори Олимбеков ғайриамдӣ набудааст

Додситонии низомии вилояти Бадахшон эълом кардааст, ки ҳодисаи кушта шудани муовини фармондеҳи посгоҳи марзбонии Андароб дар наздикии шаҳри Хоруғ дар 7 декабри 2017 ғайриамдӣ набудааст.

Ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи Марказӣ, мақомоти ин додситонӣ гуфтаанд, ки иллати кушта шудани Муносиб Олимбеков, муовини 21 солаи фармондеҳи посгоҳи марзбонии Андароб дар марзи муштараки вилояти Бадахшон бо Афғонистон, аз дасти сарбоз Наврӯзов гирифтани телефони ҳамроҳи вай ва мавриди лату куб қарор додани ин сарбози вазифа мебошад, ки муҷиби шиллики Наврӯзов ба сӯи ин афсар шудааст.

Ба далели исрори вакили мудофеъи ин сарбози вазифа, ки муддаъӣ аст ин ҳодиса тасодуфӣ буда мақомоти додситонӣ ин иддаоро рад мекунанд. Қаблан манобеи хабарӣ навишта буданд, ки афсар Муносиб Олимбеков ҳангоме, ки талош мекард, телефони ҳамроҳи Наврӯзов сарбози вазифаро ба далели мамнуияти истифода аз ин васила дар шароити нигаҳбонӣ дар посгоҳ бигирад, мавриди ҳамлаи ин сарбоз бо аслиҳа қарор гирифта ва ҷони худро аз даст додааст.

Ҳамчунин гуфта мешуд, ки ин сарбоз пас аз қатли муовини фармондеҳи посгоҳи марзбонии Андароб ба Афғонистон фирор карда, ки пас аз 10 соат боздошт ва ба мақомоти додситонии низомии Бадахшон таҳвил дода шудааст.

Ин сарбози вазифа, ки муттаҳам ба қатли Муносиб Олимбеков аст, акнун ба иттиҳоми қатли ғайриамдӣ ва убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон ва Афғонистон таҳти бозҷуӣ қарор дорад.

Вай дар баҳори 2018 аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон барои хизмат дар нерӯи марзбонии Бадахшон эъзом шуда буд.