Январ 03, 2019 14:46 Asia/Dushanbe
  • Ҷасади модари тоҷик ва се фарзандаш аз зери овор берун оварда шуд

Аз зери харобаҳои бинои истиқоматии фурӯрафта дар шаҳри Магнитогорски Русия то имрӯз 37 ҷасад, аз ҷумла 6 кӯдакро берун кашидаанд. Дар байни ҳалокшудагон модари 24-солаи тоҷик Раҷабмо Исоева ва се фарзанди маъсумаш – Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймӯҳсиддини 3-сола низ ҳастанд.

Ба нақл аз манобеи хабарии тоҷик, хешовандон ҷасадҳои онҳоро алакай шинохтаанд. Падари ин кӯдакон Шуҳрат Улфатови 26-соларо рӯзи 31 декабр, баъди 7 соати фурӯ рафтани бино зинда пайдо карда буданд. Ӯро рӯзи 2 январ ба бемористони шаҳри Челябинск интиқол доданд.

Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Сафар Сафаров рӯзи 3 январ хабар дод, ки хешовандонашон ҷасадҳои зодагони Тоҷикистон Раҷабмо Исоева ва се фарзанди ӯро шинохтаанд. Ҷасадҳои Раҷабмо Исоева ва фарзандони маъсумаш - Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймӯҳсиддини 3-соларо баъди 4 рӯз аз зери харобаҳои бинои истиқоматии воқеъ дар хиёбони Карл Маркси шаҳри Магнитогорск пайдо карданд.

Падари ин кӯдакон Шуҳрат Улфатовро ҳанӯз дар рӯзи аввал, баъди ҳамагӣ 7 соати фурӯ рафтани бино зинда пайдо карда, ба бемористон интиқол доданд. Гуфта мешуд, ки пойҳои Шуҳратро сард задааст. Рӯзи 2 январ Шуҳрат Улфатовро аз Магнитогорск ба бемористони марказии вилояти Челябинск бурданд. Ӯ дар онҷо зери дастгоҳи вентилятсияи сунъии шушҳо дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Ҳалокати Раҷабмо Исоева ва се фарзандашро тағои Шӯҳрат Улфатов журналисти тоҷик Саид Назриев низ тасдиқ кард. Саид Назриев дар саҳифааш дар Фейсбук навишт:

Хамин чанде пеш хабар расид, ки часади ин чиянчахои мо бо модарашон аз зери харобахо ефт шуд. Дар хакашон дуо кунед дустон

Соати чори субҳи 31 декабр подъезди 7-уми як бинои истиқоматӣ дар хиёбони Карл Маркси шаҳри Магнитогорски вилояти Челябински Русия фурӯ рафт. Бино ба фарзияҳои муқаддамотӣ дар инҷо балони газ таркидааст. Мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Челябинск мегӯянд, то ин лаҳза аз зери харобаҳои ин бино 43 нафарро берун кашидаанд. Аз ин шумор танҳо 6 нафар, аз ҷумла 2 кӯдакро зинда наҷот додаанд, 37 нафари дигар, аз ҷумла 6 кӯдак ҳалок шудаанд.