Аҳаммияти амнияти ғизоӣ ва ғизои солим барои Тоҷикистон
Январ 03, 2019 21:05 Asia/Dushanbe
Созмони ҷаҳонии ғизо ва кишоварзии СММ камбуди ғизо дар Тоҷикистонро дар сатҳи 30 дарсад, арзёбӣ кардааст.
Ҳарчанд коршиносон бо ин гузориш саддарсад мувофиқ нестанд, вале таваҷҷуҳ ба амнияти ғизоӣ ва ғизои солимро як зарурат медонанд. Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон низ бо назардошти аҳаммияти ин мавзӯъ пешниҳод дода буданд, ки соли ҷадиди милодӣ, соли амнияти ғизоӣ ва ғизои солим номгузорӣ шавад.