Январ 05, 2019 11:28 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Бадахшон: Бародари Муҳаммадбоқиров дар боздошт боқӣ мемонад!

Сухангӯи раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, ки Тоҳир Муҳаммадбоқиров, бародари боздоштшудаи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, аз сарони гурӯҳҳои ғайрирасмии ин минтақа ҳамчунон дар боздоштгоҳи шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Ғолиб Ниятбеков гуфтааст, ки бо вуҷуди таҷаммӯи эътирозии гурӯҳе аз ҷавонони ҷонибдори Тоҳир Муҳаммадбоқиров дар шаҳри Хоруғ, вай ҳамчунон дар боздошт ба сар хоҳад бурд.

Вай таъкид кардааст, ки иллати боздошти Тоҳир Муҳаммадбоқиров авбошӣ, ронандагӣ бо мошини сиёҳшишаи дудӣ ва сарпечӣ аз дастури мақомоти интизомӣ дар хусуси иҷрои муқаррароти барқарории назму амнияти умумӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон мебошад.

Аз сӯйи дигар, мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо таъйиди хабари боздошти Тоҳир Муҳаммадбоқиров гуфтаанд, ки вай аз соли 2014 ба иттиҳоми авбошигарӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дошт, ки ду рӯз қабл дастгир шуд.

Кормандони идораи интизомии вилояти Бадахшон дар посух ба дархости гурӯҳе аз ҷавонони ҷонибдори Тоҳир Муҳаммадбоқиров, ки хостори озодии вай шудаанд, гуфтаанд, ки ин амр имконпазир нест.

Ин кормандон эълом кардаанд, ки Тоҳир Муҳаммадбоқиров бояд барои аъмоли худ посухгӯ бошад ва тарҳи мавзӯи озодии вай муғойир бо қонун аст.

Тоҳир Муҳаммадбоқиров, бародари 51 солаи Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров аз сарони гурӯҳҳои ғайрирасмии вилояти Бадахшон мебошад, ки пас аз оғози амалиёти барқарории назму амнияти умумӣ дар ин минтақа ба фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ бо имзои тааҳҳудномае ҳимояти худро аз ин амалиёт эълом кардааст.

 

 

 

Барчасп