Январ 06, 2019 20:10 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон вожаҳои форсиро ҷойгузини вожагони русӣ мекунад

Манобеи хабарӣ рӯзи якшанбе аз Душанбе гузориш доданд, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон эълом кард, аз ин пас аз асомии низомии форсӣ ба ҷои вожагони русӣ истифода мекунад.

Манобеи хабарӣ рӯзи якшанбе аз Душанбе гузориш доданд, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон эълом кард, аз ин пас аз асомии низомии форсӣ ба ҷои вожагони русӣ истифода мекунад.

Ин кумита ба Вазорати дифои Тоҷикистон тавсия кард, аз ин ба баъд аз истифода аз вожагони низомии русӣ даст бардошта ва аз луғот ва вожагони хосси форсӣ-тоҷикӣ ба ҷои онҳо истифода кунанд.

Авоили соли ҷорӣ буд, ки ин кумита бо роҳандозии як гурӯҳи кории муташаккил аз забоншиносон, таърихшиносон ва мутахассисони низомӣ тасмим гирифт, пешнависи феҳристе аз вожагони низомии тоҷикӣ аз ҷумла ҳар ончи, ки дар воҳидҳои низомии ин кишвар истифода мешавадро таҳия кард, то битавон онҳоро дар муҳитҳои низомӣ истифода кард. Абдурраҳим Зулфунун, як мақоми аршади ин кумита гуфт, ки ин гурӯҳи корӣ маъмур шуд, бо мутолиаи дақиқи таърихи Тоҷикистон то қабл аз асри исломӣ, вожагони муносиби муртабит бо муҳитҳои низомиро истихроҷ ва бидуни онки вожагони арабӣ ё туркӣ, ки истифодаи фаровоне ёфтаанд, ҳазф кунанд, ҷойгузини вожагони русӣ кунанд.

Вай ин листро шомили бисёре аз вожагони давраи бостон аз ҷумла Ҳахоманишиён, ки аввалин императори форс буданд ва Соcониён ба унвони охирин императори форс қабл аз давраи исломӣ хонд ва афзуд: Дар ин лист ҳатто бисёре аз вожагони давраи сомонии қарни нӯҳум ва даҳум ҳам дида мешаванд.

Бо ин вуҷуд вазорати дифои ин кишвар эълом кард, барои ҷойгузинии ин вожагон аҷалае надорад. Чун вобастагии артиши ин кишвар ба кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ва Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ки ҳамчунон аз вожагони низомии русӣ истифода мекунанд, муҷиб шудааст, раванди ҷойгузинсозии вожагон ба роҳатӣ ва ба ин зудӣ анҷом нагирад.

Вазорати дифои Тоҷикистон ҳамчунин бо эъломи инки ҷойгузинсозии ин вожагон барои давлат ҳазинабар аст, тавсия кард, бо таваҷҷуҳ ба буҳрони молии ҳоким дар Тоҷикистон, давлат дар иҷрои ин тарҳ таъҷил ба харҷ надиҳад.

Бо ин вуҷуд ин тарҳи Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон чолишҳои зиёдеро дар миёни мақомоти низомӣ ва ҳатто мардум эҷод кард чаро, ки ба рағми мувофиқати бахше аз ҷомеа бо ин тарҳ, бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар ба далоили мухталиф ҳамчунон бо он мухолифанд ва муътақиданд, бисёре аз вожагони мутадовил дар ҷомеа аз истилоҳоти ҷаҳонишуда ҳастанд ва тағйири онҳо маъқул нест.

Ҳамонгуна, ки дар Русия истилоҳҳои капитан ва полковник ва генерал роиҷ аст, дар Тоҷикистон ҳам ҳамонгуна ном бурда мешавад. Мардуми Тоҷикистон забони форсиро бо хатти русии кириллӣ мехонанд ва менависанд. Дар паи тағйири хатт дар Тоҷикистон ба лотинӣ ва сипас ба кириллӣ аз 1928 хати форсӣ дар ин кишвар бо вуҷуди такаллуми мардуми тоҷик ба забони форсӣ, канор гузошта шуд ва бо вуҷуди гузашти солҳо аз истиқлоли ин кишвар хати русии кириллӣ хати расмии ин кишвар аст. Давлати ин кишвар 2016 ҳамаи вожагони арабӣ ва дигар забонҳои мавҷуд дар забон ва адабиёти тоҷикиро ба ҳамроҳи пешвандҳо ва пасвандҳои арабӣ ва русӣ ҳазф кард. Қаблан ҳам насаби Раҳмонов, раисҷумҳури ин кишвар низ ба Раҳмон тағйир ёфта буд. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо интишори як луғатномаи 4 ҳазор калимаии махсуси асомии тоҷикӣ барои кӯдакон ба миллати ин кишвар тавсия кард, аз ин пас аз ин асомӣ барои номгузории фарзандони худ истифода кунанд.