Январ 07, 2019 21:51 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солона ба маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон солҳои 2019 то 2021-ро замони маофияти бахши хусусӣ аз таҳқиқу тафтиши ниҳодҳои назоратӣ эълом кард.

Ин маофият бо истиқболи фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон рӯ ба рӯ шудааст. Дар Тоҷикистон даҳҳо ниҳоди ҳукуматӣ аз ҷумла додситонии кулл, палатаи ҳисоб, кумитаи андоз, Ожонсии мубориза бо фасоди молӣ, оташнишонӣ, муҳити зист, созмони дору ва ғизо ба баҳонаҳои мухталиф ба баррасии фаъолияти бахши хусусӣ мепардозанд, ки ин мавзуъ аз нигоҳи коршиносон монее ҷиддӣ дар роҳи рушди бахши хусусӣ ба ҳисоб меояд.