Январ 08, 2019 10:33 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ба дунболи сармоягузор барои сохти ду нерӯгоҳи барқи обӣ аст

Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон эълом кардааст, ки ба дунболи пайдо кардани сармоягузор ба манзури сохти ду нерӯгоҳи барқи обии ҷадид дар қаламрави вилояти Бадахшони ин кишвар мебошад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ин кишвар барои сохти нерӯгоҳи “Санобод” ба ҷазби 100 миллион доллар сармоя ниёз дорад, ки зарфияти тавлиди барқи дар он 120 мегаватт унвон мешавад. Сохти ин нерӯгоҳ дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон бо фароҳам шудани сармояи мавриди ниёз оғоз хоҳад шуд, ки барои таъмини мардуми вилояти Бадахшон бо барқ нақши муҳиме ифо хоҳад кард. Ҳамчунин барои идомаи такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Себзор”, ки аз соли 2015 рӯйи рӯдхонаи Шохдара дар ноҳияи Роштқалъа оғоз шуда, зарурати ҷазби сармояи изофӣ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, барои ба баҳрабардорӣ расондани ин нерӯгоҳ бояд 36 миллиону 800 ҳазор доллар ҳазина карда шавад. Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” метавонад бо тавлиди 60 миллион киловатт/соат барқ дар сол ниёзи бархе аз манотиқи вилояти Бадахшонро ба барқ бароварда созад. Ҳамчунин Ҳукумати Афғонистон барои хариди барқ аз нерӯгоҳҳои ҷадид дар вилояти Бадахшон тамоюл нишон медиҳад ва дар сурати ба баҳрабардорӣ расидани нерӯгоҳҳои “Санобод” ва “Себзор” заминаи содироти барқ ба Афғонистон фароҳам хоҳад шуд. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ҷониби Афғонистон бояд сармояи лозим барои сохти хутути интиқоли барқ аз нерӯгоҳҳои барқи обии вилояти Бадахшон ба дохили ин кишварро фароҳам созад.