Афзоиши теъдоди кормандони додситонӣ дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 10 Jan 2019 05:44:49 GMT )
Январ 10, 2019 10:44 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди кормандони додситонӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон дод, ки аз 1-уми январи соли равон теъдоди додситонҳо дар кишвар бештар карда шавад.

Ба нақл аз Спутник, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, аз 1-уми январи соли 2019 теъдоди умумии кормандони мақомоти прокуратура 1 ҳазору 135 нафар муқаррар шуд. Ба ин шумора ҳайати хидматрасон шомил намебошад.

То фарорасии соли нав шумораи умумии кормандони прокуратура 1085 нафарро ташкил медод ва инак 50 воҳиди кории дигар зам гардид.

Тибқи фармони раисиҷумҳур, шумораи кормандони дастгоҳи марказии Додситонии кулли Тоҷикистон аз 200 ба 207 нафар, ниҳодҳои тобеи додситонии кул аз 746 то ба 789 нафар зиёд карда шуда, теъдоди кормандони додситонии ҳарбӣ 139 нафар боқӣ мондааст.

Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молияро муваззаф кардааст, ки хароҷоти марбут ба маош ва таъминоти иҷтимоии 50 воҳиди кории иловагии мақомоти додситониро аз ҳисоби буҷаи давлат таъмин кунад.