Бахшдагии панҷ миллион доллар қарзи ширкати "Барқи тоҷик"
(last modified Thu, 10 Jan 2019 06:17:30 GMT )
Январ 10, 2019 11:17 Asia/Dushanbe
  • Бахшдагии панҷ миллион доллар қарзи ширкати

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки барои коҳиши қарзи "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", қарзи нерӯгоҳ аз андоз бахшида шавад.

Ба нақл аз Тоҷикта, тибқи қарори ҳукумат, қарзи "Барқи тоҷик" дар назди  "Сангтӯда-1" ба андозаи 50,6 миллион сомонӣ коҳиш дода мешавад.

Бо ин мақсад  50 миллиону 663 ҳазору 209 сомонӣ, ки "Сангтӯда-1" аз андоз қарздор аст, лағв мегардад.

Ҳукумат "Барқи тоҷик" ва Кумитаи андози Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки расмиёти марбут ба ҳисобаробаркуниҳоро анҷом диҳанд.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон қарзи "Барқи тоҷик" аз "Сангтӯда-1" ҳудуди 1 миллиард сомониро ташкил дод.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон буда, ҳудуди 12 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад ва харидори асосии маҳсулоти нерӯгоҳ "Барқи тоҷик" мебошад.