Боздошти корманди полиси ноҳияи Турсунзода ба иттиҳоми шиканҷаи гумонбар ба қатл
Додситонии ноҳияи Турсунзода аз боздошти Шералӣ Азизов, корманди бахши бозпурсии ҷиноии идораи полиси ин минтақа ба иттиҳоми шиканҷа ва нигаҳдории як сокини бегуноҳи ин ноҳия ба муддати 8 моҳ дар боздоштгоҳ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи “СА нюс”, Шералӣ Азизов муттаҳам аст, Ҳасан Ёдгоровро ба иттиҳоми қатли корманди як ресторан дар ноҳияи Турсунзода боздошт ва ба муддати 8 моҳ нигаҳдорӣ ва шиканҷа карда, аммо акнун бо пайдо шудани қотили воқеӣ худи ӯ дастгир шудааст.
Ҳасан Ёдгоров дар тирамоҳи соли 2017 ба иттиҳоми куштани як корманди ресторани ноҳияи Турсунзода боздошт шуд ва ба муддати 8 моҳ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ шуда ва мавриди шиканҷа қарор гирифт. Ҳатто телевизионҳои давлатии Тоҷикистон гузорише аз дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии ин кишвар пахш карданд, ки дар он Ҳасан Ёдгоров наҳваи қатли корманди ресторанро тавзеҳ медод. Аммо пас аз 8 моҳ қотили воқеӣ боздошт ва маълум шуд, ки Ҳасан Ёдгоров таҳти шиканҷаи Шералӣ Азизов, корманди бахши бозпурсии ҷиноии идораи полиси ин минтақа, ба ҷинояте ки муртакиб нашудааст, иқрор мекардааст.
Акнун Додситонии кулли Тоҷикистон бо боздошти ин афсар моҷароро дар дасти баррасӣ дорад.
Ин дар ҳоле аст, ки Эътилофи зидди шиканҷа, ки як созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон аст, эълом кардааст, ки тайи 6 соли ахир беш аз 200 мавриди шикоят аз бадрафторӣ ва шиканҷа шудани афрод тавассути кормандони идороти интизомии ин кишвар дарёфт кардааст.
Аз сӯйи дигар, Шӯрои ҳуқуқ башари Созмони Милали Муттаҳид аз ин ки тайи солҳои ахир Додситонии кулли Тоҷикистон бо дарёфти 89 мавриди шикояти шиканҷа аз шаҳрвандони ин кишвар танҳо 4 корманди интизомиро муҷозот кардааст, интиқод кард.