Маҳкумияти дубораи Хайруллоҳ Мирсаидов ба зиндон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i40922-Маҳкумияти_дубораи_Хайруллоҳ_Мирсаидов_ба_зиндон
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва масъули бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон (КВН Тоҷикистон) - ро, ки дар моҳи августи соли 2018 аз зиндон озод шуда буд, дубора ба 8 моҳ зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 13, 2019 07:50 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти дубораи Хайруллоҳ Мирсаидов ба зиндон

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва масъули бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон (КВН Тоҷикистон) - ро, ки дар моҳи августи соли 2018 аз зиндон озод шуда буд, дубора ба 8 моҳ зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Спутник, мақомоти Додгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфтаанд, ки Мирсаидов ба иттиҳоми тарки худсаронаи маҳалли зиндагиаш ва сарпечӣ аз корҳое, ки мебоист бар асоси ҳукми озодии шартӣ анҷом медод, ба таври ғоибона ба 8 моҳи зиндон маҳкум шудааст.

Ин мақомот муддаиянд, ки Мирсаидов ҳаққи тарки маҳалли сукунати хеш ва рафтан ба хориҷ аз Тоҷикистонро надоштааст.

Аммо Бахтиёр Насруллоҳ, вакили мудофеи Мирсаидов гуфтааст, ки муваккилаш барои дармон ба хориҷ рафтааст ва додгоҳ бояд ҳукми 8 моҳ маҳкумияти зиндонро бекор кунад.

Масъули бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2017 ба иттиҳоми ихтилоси молӣ, сохтакории аснод ва барангехтани танаффури мазҳабӣ боздошт шуд, ки ин иқдом эътирози созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ ва рӯзноманигоронро барангехт.

Сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хостори озодии фаврии ин рӯзноманигор ва фаъоли фарҳангии тоҷик шуда ва таҳдид карда буданд, ҳукми сангини 12 соли маҳкумияти Мирсаидов  бо иттиҳомоти эъломшуда ҳамхонӣ надорад. Аз ин рӯ, додгоҳи таҷдиди назар вайро озод кард ва танҳо ба пардохти 78 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум кард, ки ин маблағ низ пардохт шуд.

Моҷаро замоне оғоз шуд, ки Хайруллоҳ Мирсаидов алайҳи Олим Зоҳидзода, мудири идораи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба мақомҳои олии кишвар ва вилояти Суғд шикоят кард.

Иллати шикоят низ пардохт накардани маблағи таъйиншуда барои бошгоҳи ҳозирҷавобон ва талаби ришва унвон шуда буд.