Пизишкиён : Аз ҳар тасмими раҳбарони фаластинӣ дар раванди музокирот ҳимоят мекунем
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i125304-Пизишкиён_Аз_ҳар_тасмими_раҳбарони_фаластинӣ_дар_раванди_музокирот_ҳимоят_мекунем
Порс тудей - Раиси Ҷумҳурии Эрон дар гуфтугуи телефонии раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос аз нақшу мудирияти Халил ал-Ҳия дар эҷоди ҳамоҳангӣ миёни гуруҳҳои фаластинӣ қадрдонӣ кард ва гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳар тадбир , ибтикору тасмиме, ки раҳбарони фаластинӣ дар раванди музокирот бигиранд , ҳимоят хоҳад кард.
(last modified 2026-08-05T11:57:34+00:00 )
Август 05, 2026 16:49 Asia/Dushanbe
  •   Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон
    Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон

Порс тудей - Раиси Ҷумҳурии Эрон дар гуфтугуи телефонии раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос аз нақшу мудирияти Халил ал-Ҳия дар эҷоди ҳамоҳангӣ миёни гуруҳҳои фаластинӣ қадрдонӣ кард ва гуфт : Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳар тадбир , ибтикору тасмиме, ки раҳбарони фаластинӣ дар раванди музокирот бигиранд , ҳимоят хоҳад кард.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо раиси дафтари сиёсии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) бо таҷлил аз сабр , истиқомату муқовимати мардуми Фаластин дар баробари ҷиноёти режими саҳюнистӣ , таъкид кард, ки қалбу рӯҳи миллату масъӯлони Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора дар канори мардуми мазлӯми Фаластин аст ва  Ҷумҳурии исломии Эрон то ҳадди мумкин аз миллати Фаластин ҳимоят ва пуштибонӣ хоҳад кард.
Пизишкиён бо ишора ба таҷовузоти ахири режими саҳюнистӣ ва Амрико алайҳи хоки Ҷумҳурии исломии Эрон ва шароити минтақа , тасреҳ кард : Барағми ин мушкилот масаълаи Фаластин ҳамчунон ҷойгоҳи меҳварии худро дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон ҳифз карда ва аз нигоҳи масъӯлон , сиёсатгузорон ва раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дур намондааст ва ҳамчунон масъалаи нахусти ҷаҳони Ислом ба шумор меравад.
Пизишкёни зимни орзӯи саломатӣ , иззату пирӯзӣ барои миллати Фаластин бар тадовуми ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз мардуми Фаластин таъкид кард ва изҳор дошт : Эрон аз ҳеҷ талоше барои кумак ба миллати Фаластин дареғ нахоҳад кард .
Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин хостори тақвияти ваҳдат , инсиҷому ҳамгаройӣ миёни кишварҳои исломӣ барои дифо аз манофеи Уммати исломӣ шуд .
  Пизишкиён дар бахши дигаре аз ин гуфтугу , бо дархости иблоғи саломи худ ба соири муҷоҳидону масъӯлони фаластинӣ , изҳор дошт : Ваҳдату ҳамбастагии кишварҳои исломӣ метавонад заминаи ғалабаи ҳақ бар ботилро фароҳам кунад .

Вай таъкид кард : Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора ҳомии миллати мазлӯм , муқовиму қаҳрамони Фаластин буда ва хоҳад буд ва талош хоҳад кард бо густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои исломӣ , ихтилофоти мавҷуд коҳиш ёфта ва Уммати исломӣ дар баробари душманон ба ваҳдату инсиҷоми бештаре даст ёбад.

Дар ин гуфтугуи телефонӣ Халил алия бо ишора ба таҳаввулоти ахири минтақа ва ҳамалоти Амрикову режими саҳюнистии алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон , режими саҳюнистиро омили аслии бесаботӣ ва таҳдиди амнияти минтақа донист ва таъкид кард, ки ин режим бо вуҷӯди ҳимоятҳои Амрико дар масири уфул қарор дорад .
Раиси дафтари сиёсии Ҳамос ҳамчунин бо тамҷид аз истодагии Ҷумҳурии исломии Эрон дар баробари таҳдидҳо изҳор дошт, ки Эрон тавониста муъодилоти ҷадиде дар минтақа эҷод кунад ва ибрози итминон кард Ҷумҳурии исломии Эрон дар идома низ ба дастовардҳои худ даст хоҳад ёфт , дастовардҳое ки ба суди Эрон , минтақа ва ҷаҳони Ислом хоҳад буд.
Вай ҳамчунин бо ибрози умедворӣ нисбат ба ояндаи меҳвари муқовимат , таъкид кард, ки ин ҷараён дар кишварҳои мухталифи минтақа дар ниҳоят ба аҳдофу ормонҳои худ даст хоҳад ёфт .
Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос бо ишора ба идомаи ҷанг дар Ғазза ва вазъияти Каронаи бохтарӣ , Қудсу Масҷидулақсо , аз идомаи ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз миллати Фаластин қадрдонӣ кард ва гуфт : Мардуми Фаластин бо вуҷуди тадовуми ҳамалот ва фишорҳо бар ормонҳои худ ва хуни шуҳадои Фаластин пойбанд хоҳанд монд.
Алия дар идома бо ишора ба раванди музокироти сиёсӣ , изҳор дошт, ки ҷунбиши Ҳамос ин музокиротро бо мушорикату ҳамоҳангии соири гуруҳҳои фаластинӣ дунбол мекунад ва ҳамон гуна, ки дар майдони набард истодагӣ кардааст , дар арсаи дипломасӣ низ иҷоза нахоҳад дод режими саҳюнистӣ ба аҳдофе даст ёбад, ки дар майдони ҷанг ба он нарасидааст .
Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ҳамчунин хостори баҳрагирӣ аз таҷрибиёти Ҷумҳурии исломии Эрон ва масъӯлони эронӣ дар раванди музокирот , дар ростои таъмини манофеи миллати Фаластин шуд ва ибрози умедворӣ кард талошҳои сиёсӣ ва диплумотик низ дар канори муқовимати майдонӣ ба таҳаққуқи аҳдофи миллати Фаластин мунҷар шавад.
Халил алия бо ишора ба амалиёти Тӯфони алқсо , ибрози умедворӣ кард поёни ин раванд бо озодии Фаластину Қудси шариф ҳамроҳ бошад.
Раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос ҳамчунин бо гиромидошти ёди раҳбарону фармондеҳони шаҳиди меҳвари муқовимат , бар тадовуми ҳамкорӣ ва ҳамгаройӣ миёни ҷараёнҳои ҳамсӯ таъкид кард ва гуфт, ки дар чорчӯби масъӯлиятҳои худ барои тақвияти ваҳдати уммати исломӣ талош хоҳад кард ва ибрози умедворӣ кард дар ояндаи наздик бо раиси ҷумҳӯри Эрон дидор кунад.