Гузоришҳо аз таваҷҷуҳи Гулмурод Ҳалимов ба авзои Бадахшони Тоҷикистон
Манобеи амниятии Тоҷикистон бидуни ифшои номи хеш муддаӣ шудаанд, ки сарҳанги фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов ба авзои вилояти Бадахшони Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд нишон медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории “Фарғона”, ин манобеъ гуфтаанд, ки Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки дар Афғонистон ҳузур дорад, дар фармондорӣ (ҷамоат)-и вилояти Бадахшони Афғонистон мустақар шуда ва дар сар хаёли вуруд ба қаламрави вилояти Бадахшони Тоҷикистонро дорад. Ин манобеи амниятӣ гуфтаанд, ки 15 нерӯи вижаи гурӯҳи вижаи “Алфа”-и вобаста ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ ҳамроҳи Гулмрод Ҳалимов дар ин минтақа ҳузур доранд. Гуфта мешавад, ки ин афрод дар соли 2017 ба марзи ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон эъзом шуда буданд, ки бо убур аз марз ба Гулмурод Ҳалимов пайвастаанд.
Фармондории Мунҷони вилояти Бадахшони Афғонистон дар 80-километрии марзи Тоҷикистон воқеъ шуда ва ин сарҳанги фирории тоҷик бо теъдоде аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ, ки дар Сурия шикаст хӯрдаанд, ба ин минтақа мунтақил шудааст. Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди интишори хабари ҳузури Гулмурод Ҳалимов дар шимоли Афғонистон манобеи расмӣ дар ин маврид ибрози назар накардаанд.
Сарҳанг Ҳалимови 44-сола, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамон сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии “Ютуб” аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод. Ӯ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми хиёнат ба Ватан, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нақзи савганди вафодории афсарӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад.