Январ 15, 2019 10:55 Asia/Dushanbe
  • Муҷаҳҳаз шудани пойгоҳи низомии 201 бо горди паҳподӣ

Мақомоти ҳавзаи низомии марказии Русия аз истиқрори горди паҳподии артиши ин кишвар дар пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ хабар доданд.

Ба гузориши дафтари матбуоти ҳавзаи низомии марказии Русия, ин горди паҳподӣ миёнаҳои соли 2019 дар пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон мустақар хоҳад шуд. Ин горд шомили паҳподҳое мавсум ба “Орлан-10", “Леер-3”, “Элерон”, “Гранат” ва “Тахион” хоҳад шуд, ки барои амалиёт дар масофаи кӯтоҳу миёна тарроҳӣ ва сохта шудаанд. Ҳамчунин барои тақвияти ин горд теъдоде аз паҳподҳои дурбурди мавсум ба “Форпост” низ дар пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон мустақар хоҳанд шуд. Ин таҷҳизот заминаи иҷрои амалиёти шиносоӣ, ҳадафгирии дақиқи мавозеи душмани фарзӣ ва тасҳеҳи оташи тӯпхона ва шиллики танкҳоро дар амалиёти зиддитеррористӣ фароҳам хоҳад кард.

Евгений Кротиков, коршиноси масоили низомии Русия муътақид аст, ки дар шароити ҷангҳои муосир истифода аз тавони нерӯи заминӣ кофӣ нест ва ба ин далел горди паҳподӣ имкон медиҳад, ки мавозеи гурӯҳҳои террористӣ ба вузуҳ шиносоӣ шавад ва мавриди ҳамла қарор гирад.

Бо таваҷҷуҳ ба кӯҳистонӣ будани Тоҷикистон ин паҳподҳо бо бархӯрдорӣ аз дурбинҳои тасвирбардорӣ барои ҳадафгирии дақиқи мавозеъ ва маҳаллаҳои гирд омадани террористҳо бисёр муфид хоҳанд буд.

Пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин маркази нерӯи заминии Русия дар хориҷ ба ҳисоб меояд, ки дорои беш аз ҳафт ҳазор нерӯ мебошад.