Бардошти 765 ҳазор тонна гандум дар Тоҷикистон дар соли 2018
(last modified Tue, 15 Jan 2019 06:10:07 GMT )
Январ 15, 2019 11:10 Asia/Dushanbe
  • Бардошти 765 ҳазор тонна гандум дар Тоҷикистон дар соли 2018

Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз бардошти 765 ҳазор тонна гандум дар соли 2018 дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сойти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар соли 2018 ҳамчунин барои таъмини ниёзи мардуми ин кишвар як миллиону 19 ҳазор тонна гандум аз хориҷ ва умдатан Қазоқистон ворид карда шудааст, ки арзиши молии ин харид наздик ба 273 миллион доллар мебошад. Аз сӯи дигар дар ин муддат орди воридшуда ба Тоҷикистон 47 ҳазор тонна эълом шуда, ки дар муқоиса ба соли 2017 наздик ба ҳашт ҳазор тонна камтар ва арзиши молии он 10 миллиону 300 ҳазор доллар будааст.

Дар Тоҷикистон солона наздик ба як миллион тонна гандум бардошт мешавад, ки барои таъмини ниёзи дохилӣ кофӣ нест, аз ин рӯ, ҳукумат барои таъмини ниёзи мардум ҳамасола аз Русия ва Қазоқистон беш аз як миллион тонна гандум ворид мекунад.

Дар соли 2018 барои кишти гандум дар Тоҷикистон 303 ҳазор ҳектор замин ихтисос дода шуд, ки дар муқоиса ба соли қабл 20 ҳазор ҳектор камтар аст. Мизони бардошти гандум аз ҳар ҳектор замини зери кишти ин маҳсул дар Тоҷикистон бештар аз ду тонна ва 600 кило аст, ки аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар аст, чунон ки дар Қазоқистон, ки умдатарин кишвари таъминкунандаи гандум дар минтақа ба ҳисоб меояд, ин шохис ба 11 тонна дар ҳар ҳектор мерасад.

Коршиносон мушкили камбуди мошинҳои кишоварзӣ, гаронии сӯхт ва дору, сангин будани молиёт ва суди болои қарзҳои бонкиро аз иллатҳои умдаи бетаваҷҷуҳии мардуми Тоҷикистон ба бахши кишоварзӣ медонанд, ки мӯҷиби муҳоҷирати нерӯи кори ҷавони ин кишвар ба Русия мешавад.