Истирдоди писари муассиси гурӯҳи “Ансоруллоҳ” аз Кобул ба Душанбе
(last modified Tue, 15 Jan 2019 06:47:36 GMT )
Январ 15, 2019 11:47 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди писари муассиси гурӯҳи “Ансоруллоҳ” аз Кобул ба Душанбе

Мақомоти қазоии Афғонистон яке аз писарони домулло Амриддин, муассиси гурӯҳи “Ансоруллоҳ”-ро аз Кобул ба Душанбе истирдод карданд.

Ба гузориши сойти “TopTJ”, Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон гуфтааст, ки ҳамроҳ бо Сайидҷалолиддин Табаров, писари Амриддин Табаров чаҳор узви дигари гурӯҳи “Ансоруллоҳ” низ ба Душанбе истирдод шудаанд. Истирдоди ин афрод бар асоси созишномаи истирдоди муҷримин миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дар чорчӯби ҳамкории Кобулу Душанбе дар мубориза бо терроризм анҷом шудааст.

Гуфта мешавад, Ҷалолиддин ва Абдулфаттоҳ Табаровҳо, писарони домулло Амриддинро низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон соли 2009 боздошт карда буданд. Ин ду нафар дар пойгоҳи ҳавоии Багром дар шимоли Кобул нигаҳдорӣ мешуданд. Абдулфаттоҳ Табаров ҳанӯз ҳам дар ин пойгоҳ аст ва ба Тоҷикистон истирдод нашудааст.

Қаблан нашрияи амрикоии “The Washington Post” бо истинод ба манобеи афғонӣ навишта буд, ки ин ду писари домулло Амриддин бо истирдод шудан ба Тоҷикистон мухолифат кардаанд. Домулло Амриддин Табаров пас аз поёни ҷанги дохилии Тоҷикистон дар соли 1997 гурӯҳи “Ансоруллоҳ”-ро таъсис кард, ки бо Толибон ҳамкории наздик дошт ва афроди норозӣ аз созишномаи барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро шомил мешуд. Ӯ дар соли 2016 кушта шуд ва гурӯҳаш дар феҳрасти созмонҳои террористӣ дар Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, мақомоти қазоии Кобул дар соли 2018 наздик ба 40 тоҷикистонии муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои террористиро ба Душанбе таҳвил додаанд.