Бориши барф ва баста шудани роҳҳо дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон
Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар пайи бориши шадиди шабонарӯзии барф ва фурӯ рехтани баҳману сангреза, дар муҳосира қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, шоҳроҳи Хоруғ - Душанбе дар атрофи ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон ва Шуғнон бинобар сабаби фурӯ рехтани баҳман (тарма) ва сангреза баста шудааст.
Ҳамзамон роҳҳои Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Мурғоб низ баста шудааст ва бориши шадиди барф дар атрофи ин вилоят идома дорад. Ҳамчунин мақомот аз хароб шудани бархе хонаҳои сокинон дар пайи бориши шадиди барф хабар додаанд. Азҷумла дар наздикии ҷамоати рустои Ғарибшоҳ Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон сақфи ҳафт манзил хароб шудааст. Эҳтимоли рехтани баҳман ҳар лаҳза дар роҳҳои дур вуҷуд дорад.
Мақомот таъкид карданд, ки феълан сокинони вилоят барои пешгирӣ аз хароб шудани манзилҳои худ, ба тоза кардани боми хонаҳо машғул шудаанд.