Афзоиши шумори номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон
Раванди сабти номи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳамчунон идома дорад.
Ба гузориши хабаргузории ОВО, Муҳаммад Ҳаниф Атмар мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон рӯзи ҷумъа бо ҳузур дар комиссияи мустақили интихобот бо ду муовини худ ба номҳои Муҳаммад Юнус Қонунӣ ва Муҳаммади Муҳаққиқ сабт ном кард.
Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳурии Афғонистон низ қарор аст рӯзи якшанбе бо ду муовини худ, аз ҷумла Сарвари Дониш ба унвони номзади интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ расман сабт ном кунад.
Ашраф Ғанӣ ва Ҳаниф Атмар аз ҷумлаи афроди матраҳ ва ду рақиби муҳим дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меоянд.
Рӯзи панҷшанбе низ Фаромарзи Таманно дипломати собиқи вазорати хориҷа ва Нурулҳақ Улумӣ вазири кишвари пешин Афғонистон сабт ном карданд.
Пештар Латифи Пидром раҳбари Ҳизби Кунгураи миллӣ, Аҳмад Валӣ Масъуд раҳбари ҷараёни Вафоқи миллӣ, Гулбиддин Ҳикматёр раҳбари Ҳизби исломӣ, Раҳматуллоҳ Набил раиси собиқи амнияти миллӣ, Муҳаммадҳакими Турсун аз фаъолони сиёсии афғон, Шайдомуҳаммади Абдолӣ сафири собиқи Афғонистон дар Ҳинд, Залмай Расул, Иноятуллоҳ Ҳафиз ва Нуруллоҳ Ҳошимӣ барои номзадии интихоботи бистуми июли 2019 раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон сабти ном кардаанд.
Номзадҳои эҳтимолии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон то якшанбеи ҳафтаи оянда фурсат доранд дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номнависӣ кунанд.
Бо сабти номи шумори номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба 12 нафар расид.