Январ 19, 2019 09:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди 2.5 миллион нафар - нерӯи кори фаъол дар Тоҷикистон

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар теъдоди нерӯи кори фаъоли ин ҷумҳуриро 2 миллиону 368 ҳазор нафар эълом кард.

Ба гузориши сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, аз 9 миллиону 150 ҳазор нафар ҷамъияти Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир 2 миллиону 368 ҳазор нафар дар бахшҳои мухталиф фаъолият мекунанд. Аз ин теъдод 98 дарсад дар бахшҳои иқтисодӣ машғул ба кор ҳастанд ва 52 ҳазор нафар низ ба таври расмӣ афроди бекор ба ҳисоб меоянд.

Аз теъдоди афроди шоғил дар Тоҷикистон, 30 дарсад дар бахши кишоварзӣ, беш аз 20 дарсад дар маориф ва беш аз 9 дарсад дар бахши тандурустӣ фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин 4.8 дарсад дар идороти давлатӣ, наздик ба 4 дарсад дар идороти амниятӣ, интизомӣ ва дифоӣ, 3.9 дарсад дар бахши сохтусоз, 2 дарсад дар ҳамлу нақл ва тиҷорат ва 1.5 дарсад низ ба унвони афроди восита ва миёнарав (даллол) машғул ба кор ҳастанд.

Пойинтарин мизони маош ва дастмузди моҳона дар Тоҷикистонро кормандони бахшҳои кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ дарёфт мекунанд. Ба ин тартиб кишоварзон моҳе 617 сомонӣ (муодили 65 доллар) тандурустӣ 817 сомонӣ (86 доллар) ва маориф 933 сомонӣ (муодили 99 доллар) маош доранд.

Аммо кормандони бонкҳо, бахши сохтусоз ва маъдан моҳона се ҳазору 520 сомонӣ (374 доллар) 2 ҳазору 605 сомонӣ (муодили 276 доллар) ва 2 ҳазору 488 сомонӣ (муодили 264 доллар) маош дарёфт мекунанд.

Мизони маоши миёна дар Тоҷикистон 1 ҳазору 324 сомонӣ (муодили 140 доллар) эълом шудааст.