Дархости қочоқчиёни маводи мухаддири афғонӣ барои озодии чӯпони тоҷик
(last modified 2019-01-19T05:27:23+00:00 )
Январ 19, 2019 10:27 Asia/Dushanbe
  • Дархости қочоқчиёни маводи мухаддири афғонӣ барои озодии чӯпони тоҷик

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари рабуда шудан ва гаравгонгирии як чӯпони тоҷик дар Афғонистонро таъйид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи СА – Нюс, Турахон Нурмуҳаммадов, чӯпони тоҷик, ки рӯзи аввали январи соли ҷорӣ аз ноҳияи марзии Шамсиддини Шоҳин дар минтақаи Кӯлоб тавассути қочоқчиёни маводи мухаддири афғонӣ рабуда шуд, ҳанӯз дар вилояти Бадахшон нигаҳдорӣ мешавад.

Моҷаро аз ин қарор буд, ки Сайидмуҳиддин Қурбонов, шаҳрванди Тоҷикистон ва рамадор аз қочоқчиёни афғонӣ маводи мухаддир дарёфт карда ва ба онҳо ваъда дода буд, пас аз фурӯши ин мавод 40 ҳазор доллар ба онон пардохт кунад. Аммо вай акнун ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст ва давраи маҳкумияти худро мегузаронад.

Акнун Турахон Нурмуҳаммадов, чӯпони рамаи гӯсфандони Сайидмуҳиддин Қурбонов аз сӯйи талабкорони афғонии молики ин гӯсфандон рабуда шуда ва барои озодии вай пардохти 40 ҳазор доллар талаб шудааст.

Рабояндаи ин чӯпони тоҷик гуфтааст, ки худи ӯ низ маводи мухаддирро аз афроди дигар гирифтааст, аммо ба далели нотавонӣ дар пардохти маблағ акнун хонаву зани худро аз даст додааст ва чорае ба ғайр аз гаравгонгирии ин шаҳрванди Тоҷикистон надорад.

Манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ки талоши нерӯи марзбонии Афғонистон барои озодии ин чӯпони тоҷик дар вилояти Бадахшон то ба ҳол бидуни натиҷа будааст.

Коршиносон муътақиданд, ки қочоқчиёни маводи мухаддир дар ду соҳили рӯдхонаи Омӯ, дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон барои интиқоли ин мавод бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд, ки борҳо боиси кушта шудани марзбонони тоҷик дар пайи даргирӣ бо ин афрод шудааст.