Эҳтимоли варшикаст эълом шудани ширкати ҳавопаймоии Тоҷик - Эйр
Ба гузориши сомонаи ТОП Тҷ, коршиносон муътақиданд, ки ширкати ҳавопаймоии давлатии Тоҷик - Эйр ба зудӣ варшикаста эълом хоҳад шуд ва ҳукумат ба фурӯши он ба бахши хусусӣ иқдом хоҳад кард.
Дар ҳоли ҳозир тамоми парвозҳои ин ширкат лағв шуда ва интиқоли мусофирон дар масири Тоҷикистон ба Русия ба ширкати хусусии Сомон - Эйр вогузор шудааст.
Пас аз ин иқдом, ширкати ҳавопаймоии давлатии Тоҷик - Эйр тамоми коркунони худро ба мураххасии бидуни маош фиристода ва дар интизори тасмими коргурӯҳи вижаи ҳукуматӣ ба раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон аст, ки бояд сарнавишти ин ширкатро мушаххас кунад.
Гуфта мешавад, теъдоди ҳавопаймоҳои ин ширкат 31 адад аст, ки танҳо 4 адади он фаъол аст.
Ҳамчунин қарзи ширкати Тоҷик – Эйр ба ширкати воҳиди сӯхтрасон, фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд, Хадамоти таъмини ғизои мусофирон ва Амонатбонки Тоҷикистон ба миллионҳо сомонӣ расида аст, ки пардохти ин маблағ бо вазъи молии ногувори феълӣ имконпазир нест.
Рустам Азизов, иқтисоддони тоҷик муътақид аст, бо гирифтани парвози масирҳои судовари ширкати Тоҷик - Эйр аз нигоҳи иқтисодӣ, амалан заминаи варшикаст шудани он ба вуҷуд омадааст. Ҳол он ки ҳукумати Тоҷикистон мебоист аз манофеи ин ширкат ба унвони ширкати миллӣ дифоъ мекард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2018 дастури бозрасии амалкарди молии ширкатро содир кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии ин кишвар дастур додааст, ки мавзӯи харидории як адад ҳавопаймои Боинг - 767 гаронтар аз қимати воқеии онро дар ин ширкат ва санадсозӣ дар ин маврид бозрасӣ кунад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон равшан шудани моҷарои се моҳ пардохт нашудани маоши кормандони ин ширкат, таъхир дар пардохти ҳаққи истифода аз Фурудгоҳи Душанбе ва қарзи молии он ба ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурудгоҳҳоро хостор шуда буд.