Январ 21, 2019 10:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳаракати нақлиёт дар масири Душанбе – Хуҷанд қатъ шуд

Сухангӯи ширкати IRS, ки масъулияти ироаи хадамот дар роҳи Душанбе – Хуҷандро бар ӯҳда дорад, аз қатъи ҳаракати нақлиёт миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, Далер Абдуллоҳ гуфтааст, ки бар асари бориши шадиди барф ва тарма дар минтақаи Ҳушёрӣ дар 47 километрии шимоли шаҳри Душанбе ва километри 81 масир дар қаламрави ноҳияи Айнӣ имкони ҳаракати нақлиёт вуҷуд надорад ва ба ҳамин далел рафту омад дар ин роҳ, муваққатан мутаваққиф мешавад.

Вай таъкид кардааст, ки бар асоси гузориши Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон дар ду рӯзи оянда низ бориши шадиди барф идома хоҳад дошт, ки хатари тармаро афзоиш медиҳад.

Аз ин рӯ, аз тамоми ронандагон ва мусофирон дархост шудааст, ки дар ин муддат аз сафар дар масири Душанбе – Хуҷанд худдорӣ кунанд.

Сухангӯи ширкат гуфтааст, таҷҳизоти роҳдорӣ дар ҳоли ҳозир барои боз кардани ин роҳ фаъол аст, вале шиддати бориши барф имкони аз саргирии сареъи ҳаракати нақлиётро дар ин масир намедиҳад.

Бар асари бориши шадиди барф ва фаромадани тарма дар шимолу шарқи Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир, ҳашт нафар аз шаҳрвандон ҷони худро аз даст додаанд.

Масири Душанбе – Хуҷанд танҳо роҳи кӯҳистонии иртиботӣ миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон мебошад, ки дар фасли замистон ҳамвора бар асари бориши барфи зиёд ва фаромадани тарма хатаротеро барои нақлиёт ва мусофирон эҷод мекунад.