Январ 23, 2019 12:13 Asia/Dushanbe
  • Раиси

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22 январ тағйироти кадрии наве дар сохтори "Амонатбонк" , "Тоҷик Эйр" , ҳукумати Суғд ва Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур эҷод кард.

Ба нақл аз Дафтар матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси "Амонатбонк", Руҳуллоҳ Ҳакимзода ва мудири "Тоҷик Эйр" Хайруллоҳ Раҳимов аз ин симат барканор шуданд.

Манбаъ афзуд бо қарори ҳукумат, Сироҷуддин Икромӣ, раиси ҷадиди "Амонатбонк" ва Дилшод Исматуллоҳзода мудири ширкати "Тоҷик Эйр" таъин шуданд.

Бо фармони раиси ҷумҳур, Абдухалил Ғафурзода мудири як донишкада дар Тоҷикистон ва Изатуллоҳ Саидзода мудири Маркази миллии қонунгузорӣ таъин шуданд.

Тибқи дастури раиси ҷумҳур, Абдураҳмон Ҳалимзода ва Карим Гулмуродзода муовинони вазири молия таъин карда шуданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин Убайдуллоҳ Муҳаммадсаъид писари Муҳаммадсаид Убайдуллоҳов раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро аз симати муовини сардори раёсати молии Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур барканор ва ӯро ба унвони мушовири баландпояи ёрдамчии раиси ҷумҳур дар масоили иқтисодӣ таъин кардааст.

Бо ҳукми раиси ҷумҳур, Хол Ҳайдар аз симати муовини аввали Вазири саноат ва техналогия барканор ва муовини аввали раиси вилояти Суғд таъин шудааст ва Бахтиёр Шарипов низ муовини аввали вазири саноат ва техналогия мансуб шуд.