Январ 24, 2019 10:16 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон ва Узбакистон барои ниҳоӣ кардани созишномаи аломатгузории марзӣ

Гурӯҳҳои кории кишварҳо ният доранд, ки то 27 январ масъалаи таъйину аломатгузориро дар марз пурра ба итмом расонанд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, гурӯҳи кории ҳукумати Узбакистон иборат аз намояндагони сохторҳои дахлдори кишвари ҳамсоя дар Душанбе қарор дошта, дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон ният доранд, ки то 27 январ масъалаи таъйину аломатгузориро дар сарҳади ҳарду давлат пурра ба итмом расонанд.

Қобили зикр аст, ки корҳои таъйин ва аломатгузорӣ байни сарҳади Тоҷикистону Узбакистон соли гузашта пурра ба анҷом расида буданд.

Он вақт кишварҳо дар бораи нуқтаҳои гузариши хати сарҳад хаттӣ ба мувофиқа расида, акнун дар харитаҳо хати дақиқи нуқтаҳои гузариши марзи давлатҳо ишора мешаванд.

Шартнома байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадӣ давлатӣ зимни сафари давлатии президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расида, 19 апрели соли гузашта парлумони Тоҷикистон шартномаи зикршударо тасдиқ намуд.

Дар ҷаласаҳои Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид ба таъйину аломатгузории сарҳади давлатӣ, ки санаи 10 январи соли 2018 дар Душанбе доир гардид, ҷонибҳо дар мавриди қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии кишварҳо, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии Фарҳод комилан ба созиш расидаанд.

Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, қаламраве, ки дар он нерӯгоҳи Фарҳод воқеъ аст, қаламрави Тоҷикистон эътироф гардида, иншооти гидроэнергетикӣ моликияти Узбакистон мешавад. Посбонии иншоот ба дӯши Тоҷикистон вогузор шуда, Узбакистон хизматгузории техникии иншоотро анҷом медиҳад.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳад миёни Тоҷикистону Узбакистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад, ки тӯли сарҳади заминӣ - 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) - 105 километр аст.