Сабти ҳазору 200 маврид таъхири парвоз дар фурудгоҳи Душанбе дар соли 2018
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41188
Сабаби аксари онҳо дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз унвон мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 24, 2019 10:55 Asia/Dushanbe
  • Сабти ҳазору 200 маврид таъхири парвоз дар фурудгоҳи Душанбе дар соли 2018

Сабаби аксари онҳо дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз унвон мешавад.

Ба нақл аз Азия-Плюс, соли 2018 дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД), беш аз 1,2 ҳазор ҳолатҳои ба таъхир гузошта шудани парвози ҳавопаймоҳо ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ФБД, сабаби асосии таъхири парвозҳо дер омадани ҳавопаймо аз фурудгоҳи макони парвоз буда, соли гузашта 925 чунин ҳолатҳо ба вуҷуд омадааст.

Ғайр аз ин, сабаби таъхири парвоз дар 117 ҳолатҳо – ба дахолати ширкатҳои ҳавопаймоӣ (иваз кардани ҳавопаймо ва экипаж, бақайдгирии иловагӣ ва супориши намоянда, тағйирёбии парвозҳо ва ғайра), 49 ҳолат – ба номусоидии обу ҳаво ва 18 ҳолат – ба ҷорӣ будани реҷа рост омадааст.

Гуфта мешавад, соли 2018 Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ба зиёда аз 1,3 миллион нафар мусофирон хизмат расонидааст, ки нисбат ба соли гузашта 20,6 ҳазор нафар мусофир зиёдтар мебошад.

Соли 2018 миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолдодашуда беш аз 2,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта 2,0 дарсад ё 50,0 тонна зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон – Тоҷик Эйр” аз оғози соли равон парвозҳоро ба ҳамаи самтҳо қатъ намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 13 шаҳрҳои Русия, инчунин ба Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Олмон, Чин, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эрон парвоз мекунанд. Миқдори умумии хатсайрҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рўз 15 ададро ташкил медиҳад.