Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ҷашни Садаро ба мардуми кишвараш табрик гуфт.
Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дар паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон омадааст: “Ба шарофати истиқлоли кишвари маҳбубамон суннат ва анъанаҳои бостонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёдамон эҳё гардида, имрӯз дар ҳаёти мардуми мо ҷойгоҳи арзишманд пайдо кардаанд. Сада яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик - азҷумла ҳамин ойинҳои эҳёшуда аст, ки дар ҳамаи манотиқи кишвар аз он таҷлил мешавад”.
Эмомалӣ Раҳмон дар бахши дигаре аз ин паём гуфтааст, ойини Сада мардумро ба амалҳои хуб ва писандида, аз қабили сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин паёми худ ҳамчунин таъкид кардааст, ки бояд донишмандон ва муҳаққиқон паҳлӯҳои норавшан ва аҳамияти ҷашни Садаро биомӯзанд ва арзишҳои онро ба мардум ва хусусан ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва омили худогоҳӣ ва худшиносии наслҳо таблиғ намоянд.
Дар поёни паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада омадааст: “Дар шароити ҷаҳони бесубот ва ноороми муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба фарҳанг ва маънавиёти мо низ таъсири манфӣ мерасонад, омӯзиши суннат ва анъанаҳои миллӣ ва истифодаи онҳо ба хотири ҳифзи ҳувияти миллӣ ва манфиати давлату миллат бисёр муҳим мебошад”.