Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41246-Гуфтугӯи_телефонии_раисони_ҷумҳурии_Тоҷикистон_ва_Қазоқистон
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар гуфтугӯи телефонӣ чашмандози ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 26, 2019 20:32 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар гуфтугӯи телефонӣ чашмандози ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сойти дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев дар ин гуфтугӯи телефонӣ, раванди ҳамкориҳои роҳбурдии Душанбе ва Остонаро дар қолаби таомулоти дуҷониба ва чандҷониба баррасӣ карданд.

Ҳамчунин раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ин гуфтугӯи телефонӣ дар бораи масоили муҳимми минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.