Лонаҳои кӯршапараки 5 ҳазор долларӣ масъулони панҷакентиро ҳассос кард
(last modified Sun, 27 Jan 2019 09:04:38 GMT )
Январ 27, 2019 14:04 Asia/Dushanbe
  • Лонаҳои кӯршапараки 5 ҳазор долларӣ масъулони панҷакентиро ҳассос кард

Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ба гузоришҳои мунташир шуда дар бораи хариду фуруши лонаи кӯршапарак дар ин минтақа вокуниш нишон дод.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Ашраф Ғафуров мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ба ин хабар бо интишори матлабе эълом кард: Мақомоти  Панҷакент аз овозаҳо дар бораи хариду фуруши  лонаи кӯршапарак  ба нархи 5 ҳазор доллар дар ин минтақа огоҳӣ ёфта ва кормадони бахши муҳити зист дар ҳоли пайгирии ин мавзӯъ  ҳастанд.

24 январ дар сомонаи Ахбор, хабаре мунташир шуда буд, ки ҳикоят аз он дошт, ки лулиҳои сокини шаҳри Панҷакент бо иддаои сохти доруи зиддисаратон де ба деҳ дар ҷустуҷуи лонаи кӯршапарак ва хариди он ба арзиши 5 ҳазор доллар ҳастанд.

Ғафуров навиштааст дар сурати исботи ин мавзӯъ, харидорон ва фурушандагони лонаи кӯршапарак тибқи қонуни кишвар ҷарима хоҳанд шуд.

Дар интиҳои ин иттилоия омадааст: ҳоло мо аз тариқи радиои маҳаллӣ ба сокинони шаҳру деҳот муроҷиат намуда, таъкид доштем, ки онҳо агар дар бораи харидорони лонаи кӯршапарак, шикори парандагону ҳайвоноти ваҳшӣ, дигар ҳодисаҳои расонидани зиён ба табиат шоҳид мешаванд ё маълумоте доранд, худро бетараф нагиранд, ба мо хабар диҳанд.