Роҳандозии дубораи парвози Машҳад-Душанбе аз 14 феврал
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41322-Роҳандозии_дубораи_парвози_Машҳад_Душанбе_аз_14_феврал
Ноибраиси Палатаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон аз роҳандозии муҷаддади парвози Машҳад ба Тоҷикистон аз 25 баҳман, 14 феврал хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 29, 2019 21:48 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии дубораи парвози Машҳад-Душанбе аз 14 феврал

Ноибраиси Палатаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон аз роҳандозии муҷаддади парвози Машҳад ба Тоҷикистон аз 25 баҳман, 14 феврал хабар дод.

Абдулризо Муҳаммадӣ имрӯз дар аввалин нишасти хабарии Палатаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон дар Иттиҳодияи содиркунандагони Хуросони Разавӣ гуфт: Мутаассифона чаҳор моҳ аст, ки ширкати ҳавопаймоии “Осмон” парвозҳои мустақими Машҳад ба Душанберо қатъ карда ва ҳамчунин ҳудуди як моҳ аст, ки ширкати “Тоҷик Эйр” низ парвозҳои худро бо Эрон қатъ кардааст.

Вай гуфт: Дар Палатаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон тасмим бар он шуд, ки бо ҳамкории масъулони зирабт, ин парвоз аз 25 баҳманмоҳи ҷорӣ, 14 феврал оянда, фаъол шавад.

Ноибраиси Палатаи муштараки Эрон ва Тоҷикистон гуфт, байни ду кишвар сӯитафоҳумоте ҳоким шуда, ки ин маворид дар ҳоли рафъ шудан аст, агар ин сӯибардоштҳо рафъ шавад, яқинан мушкилоти мо низ ҳал хоҳад шуд.  

Вай дар хусуси раъйи додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе ҳам гуфт: Мо ҳудуди 500 ширкати сабтшуда дар Тоҷикистон дорем, ки ин ширкатҳо бояд барномаи кории худро ба идораи молия ироа кунанд ва андози худро низ бипардозанд.

Муҳаммадӣ афзуд: Аз ин теъдод ширкат, 50 маврид фаъол ҳастанд ва андози худро пардохт мекунанд, бақия ба Эрон омаданд, аммо на танҳо ширкати худро дар Тоҷикистон таътил накарданд, балки андози ва суратҳисоби моҳонаи худро низ пардохт намекунанд.