Феврал 01, 2019 20:40 Asia/Dushanbe
  • Охирин омили шиканҷаи узви ҲНИТ ҳам зиндонӣ шуд

Шуҳрат Шамсиддинов, охирин нафар аз омилони шиканҷаи як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзатӣ исломӣ билохира зиндонӣ шуд.

Додгоҳи низомии Хуҷанд ин афсари пешини полисро, ки бо ду ҳамдасташ дар шиканҷаи мунҷар ба худкушии Комил Хоҷаназаров даст дошта, ба 13 сол зиндон маҳкум кард.

Комил Хоҷаназарови 31-сола моҳи октябри соли 2017 худкушӣ кард.

Ин узви Ҳизби Наҳзати исломӣ пеш аз марг дар як навори савтӣ эълом кард, ки 3 корманди ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон бо номҳои Шуҳрат Шамсиддинов, Латифҷон Юлдошов ва Муҳаммад Наимов ӯро дар боздоштгоҳ шиканҷа кардаанд.

Ба ин тартиб ва бар асоси баррасии парвандаи боздошт ва шиканҷа ва худкушии Комил Хоҷаназаров ҳамаи авомили ин моҷаро маҳкум ба зиндон шуданд.

Муҳаммад Наимов ва Латифҷон Юлдошов ба тартиб 12 ва 13 сол ба зиндон маҳкум шуданд.

Шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон ва зиндониён яке аз масоили доғи ҷомеаи тоҷик аст.

Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 40 мавриди шиканҷа дар ин кишвар ба қайд гирифта шуда ва Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам дар ин замина 4 парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.