Феврал 03, 2019 19:16 Asia/Dushanbe
  • Сохти метро дар шаҳри Душанбе

Нахуст аз бозори Корвон то маҳаллаи Гулистон хати ҳавоии метро сохта шуда, сипас ба бунёди хатҳои зеризаминӣ оғоз мекунанд.

Ба нақл аз Форс, хати нахусти метрополитени пойтахт “ҳавоӣ” шуда, дарвозаҳои ҷануби шаҳр (дар самти вилояти Хатлон)-ро бо мавзеи назди Сирки давлатӣ мепайвандад.

Мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе, нахустин хати ҳавоии метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.

Айни замон ҳукуматдорони пойтахт масъалаи имкони сохтмони қитъаҳои зеризаминии метрополитени ояндаи шаҳррро мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Мутахассисон мушкилоту монеъаҳоеро, ки ҳангоми сохтмони хатҳои зеризаминии метрополитен пайдо шуда метавонанд, омӯхта истодаанд”, - қайд карданд дар дастгоҳи раиси пойтахт.

Ҳамчунин бунёди хатҳои (шохаҳои) эҳтимолии метрои оянда низ омӯхта мешавад. Чанде аз сокинони шаҳр аллакай сохтмони хати метроро аз фурудгоҳ то бозори Корвон ва дигарашро – аз мавзеи Сирки давлатӣ то маҳаллаи Зарафшон пешниҳод кардаанд.

Қобили зикр аст, ки метрои Душанбе сеюмин дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Имрӯз дар пойтахти Узбакистон – шаҳри Тошканд ва шаҳри Алмаато (Қазоқистон) метро фаъолият дорад. Дар Бишкек ҳам сохтмони метро дар нақша аст.

Қобили зикр аст, ки метро дар шаҳри Тшканд замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) сохта шуда, хати аввали метрои шаҳри Алмаато соли 2011 ба истифода дода шуд.