Феврал 04, 2019 20:41 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон боз ҳам роҳи мошинҳои Тоҷикистонро баст

Мақомоти Туркманистон аз субҳи имрӯз ба мошинҳое, ки дар масири Тоҷикистон коло транзит мекунанд, иҷозаи убур надодаанд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, ронандагони ин мошинҳои борбарӣ гуфтаанд, ки аз субҳи имрӯз то кунун ҳеҷ як аз мошинҳое, ки дар масири интиқоли коло аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо ё баракс ҳаракат мекунанд, натавонистаанд аз марзи Туркманистон бигузаранд.

Ба гуфтаи ронандагони ин мошинҳо ин дар ҳоле аст, ки ронандагони узбакистонӣ ва қирғизистонӣ бидуни ҳеҷ мушкиле аз қаламрави Туркманистон убур мекунанд.

Яке аз ин ронандагон мегӯяд, танҳо дар арзи чанд соат дар гузаргоҳи Алат беш аз 40 мошин пушти марз монданд, вале мақомоти Туркаман ба онҳо иҷозаи гузар аз марзро надоданд.

Ҳамчунин ронандагон гуфтанд, 25 мошини пур аз бори роҳии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои марзи Эрон бо Туркманистон дармондаанд. Мақомоти Туркманистон аз он самт низ фақат мошинҳои роҳии Тоҷикистонро иҷозати гузаштан намедиҳанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Туркманистон дар бораи иллати ҷилавгирӣ аз убуру мурури мошинҳои тоҷикистонӣ ҳеҷ тавзеҳе намедиҳанд.

Ронандагон аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ҳар чӣ сареътар ба ин мушкил расидагӣ кунанд.

Дар поёни моҳи августи 2018 низ Туркманистон дар масири убуру мурури мошинҳои Тоҷикистон монеатарошӣ карда ва марзҳои худро барои муддати як моҳ ба рӯйи онҳо баста буд.

Барчасп