Феврал 05, 2019 13:38 Asia/Dushanbe
  • Қатъи ҳаракати васоили нақлия дар масири Душанбе – Хуҷанд

Ширкат IRS, ки масъули ҳифз ва нигаҳдории роҳи Душанбе - Хуҷанд аст, аз мутаваққиф шудани ҳаракати васоили нақлия дар ин масир хабар дод.

Ба гузориши “Спутник”, тибқи иттилои IRS, ба иллати бориши шадиди барф ва эҳтимоли фурӯ рехтани баҳман, ба дастури вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлёти кишвар, ҳаракати ҳама васоили нақлиёт аз километри 47-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81 ба тарафи Душанбе ба таври муваққат мутаваққиф шуд. Бар асоси эъломи IRS, қаблан Ожонси обуҳавошиносӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор дода буданд, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар муқоиса ба соли гузашта боришҳои бештаре вуҷуд хоҳад дошт.

IRS ваъда додааст, тамоми талоши худро мекунад, то дар наздиктарин фурсат монеаҳоро бартараф ва ҳаракати васоили нақлияро таъмин кунад.