Феврал 06, 2019 12:26 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои амалиёти полисии “иҷоранишин” дар Хатлон

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон бо ҳадафи коҳиши ҷурму ҷиноят дар ин минтақа тарҳи амалиёти “иҷоранишин” -ро амалӣ кардаанд.

Ба гузориши манобеи хабарии тоҷикӣ, генерал Искандар Солеҳзода, сардори раёсати умури дохилӣ дар Хатлон гуфт, ин амалиёт як моҳ идома хоҳад дошт ва бар асоси он афроде, ки хонаҳояшонро иҷора медиҳанд, муваззаф ҳастанд иттилоот ва мушаххасоти мустаҷирон (иҷоранишин)- и худро ба мақомоти интизомии Хатлон ироа диҳанд.

Генерал Искандар Солеҳзода дар нишасти хабарӣ афзуд, ҳамчунин моликони меҳмонхонаҳо бояд ҳаддиаксар дар муддати як шабонарӯз иттилооти меҳмонони хориҷии худро ба мақомоти интизомӣ гузориш диҳанд.

Вай дар бораи сабаби иҷрои ин тарҳ гуфт, ағлаби муҷримон пеш аз иқдом ба ҷиноят, ибтидо дар маҳалле мустақар мешаванд то аз он маҳал зимни барномарезии лозим барои иқдоми ҷинояткоронаи худ, ҳадафашонро амалӣ кунанд. Аз ин рӯ, ин тарҳ ба шиносоии омилони ҷурму ҷиноят кумак мекунад.

Иҷро шудани ин амалиёт дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки ҳудуди ҳафт моҳ пеш дар ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, чаҳор гардишгари хориҷӣ ҷони худро аз даст доданд.

Сардори раёсати умури дохилӣ дар Хатлон ҳамчунин аз коҳиши ҷурмҳои муртабит бо иқдомоти террористӣ дар маҳдудаи вилояти Хатлон нисбат ба соли 2017 хабар дод.

Генерал Искандар Солеҳзода афзуд , ки дар рӯзҳои ахир ду сокини ноҳияи Вахш, ки ба ДИИШ пайваста буданд, бо ибрози пушаймонӣ ба ватан баргашта ва афв шудаанд.

Ба гуфтаи вай, қарор аст ба зудӣ нафари севум низ баргардонда шавад.