Сулаймон Давлатзода: камиссияи вижа, масъалаи бозгушоии масҷидҳоро баррасӣ мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41515-Сулаймон_Давлатзода_камиссияи_вижа_масъалаи_бозгушоии_масҷидҳоро_баррасӣ_мекунад
Камиссияи вижа, масъалаи бозгушоӣ ва бунёди масҷидҳои нав дар минтақаҳои кишварро баррасӣ мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 06, 2019 10:24 Asia/Dushanbe
  • Сулаймон Давлатзода: камиссияи вижа, масъалаи бозгушоии масҷидҳоро баррасӣ мекунад

Камиссияи вижа, масъалаи бозгушоӣ ва бунёди масҷидҳои нав дар минтақаҳои кишварро баррасӣ мекунад.

Сулаймон Давлатзода раиси кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон рӯзи 6 январ дар ҳошияи нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси санҷишу баррасиҳои ин камиссия, Кумитаи дин пешниҳоди худро барои фаол сохтани масоҷид ба ҳукумати Тоҷикистон ироа хоҳад кард.

Ин тасмим дар пайи шикоятҳои пай дар пайи сокинон аз набуди масҷид ва ё дур будани он аз маҳалҳои зиндагияшон, ки ба хусус дар фасли сармо бештар бо ин мушкил рубару мешаванд, гирифта шудааст.

Ба гуфтаи мақомот, дар соли 2018 танҳо дар ноҳияи Ваҳдат ҳудуди 100 масҷид дубора сабт шуданд ва иҷозаи фаъолият дарёфт карданд.

Ин хабарро мақомоти ҳукумати ноҳияи Ваҳдат низ таъид карда ва гуфтанд, ки аксари ин масҷидҳо қаблан фаол буданд, аммо дар солҳои ахир баста шуданд.

Тибқи иттилои Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон феълан 3867 иттиҳодияи  динӣ дар феҳрести давлатии иттиҳодияҳои динии кишвар сабт шудааст.