Феврал 07, 2019 11:22 Asia/Dushanbe
  • Омодасозии тарҳи қонунӣ барои осонсозии муҳоҷирати кории тоҷикҳо ба Русия

Муҳоҷирони тоҷик дар Русия як қатор имтиёзҳоеро соҳибанд, ки онҳоро шаҳрвандони диагар кишварҳое, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил нестанд, надоранд.

Ба гузориши Форс, ин нуктаро Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар суханронияш доир ба масоили муҳоҷират гуфт.

 Бояд зикр кард, ки миёни кишварҳое, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил нестанд Тоҷикистон ягона кишварест, ки ҳамаи шартномаҳо ва имтиёзҳояшро вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия то ҳади имкон истифода менамояд”,- қайд кард Лавров.

Ӯ ёдовар шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бе қайди иқомат то 15 рӯз метавонанд буду бош кунанд. Ин дар ҳолест, ки муҳлати буду боши шаҳрвандони дигар кишварҳое, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шомил нестанд бе қайди иқомат то 7 рӯз муайян шудааст. Инчунин патент барои муҳоҷирони тоҷик то ба муҳлати се сол дода мешавад.

Имрӯзҳо арзиши патент дар Маскав 5 ҳазор рубл ва дар вилояти Маскав 4750 рублро ташкил медиҳад.

 Албатта хоҳиши поён бурдани арзиши патент ва тезтар пешкаш намудани онро ба муҳоҷирон дорем ва ин қисмати гуфтушунидҳои мо мебошад”, - гуфт Лавров.

Ба гуфтаи ӯ як қатор ҳуҷҷатҳо, ки баҳри осонтар намудани мушкилиҳои  муҳоҷират ва қонунӣ гардонидани ин раванд, барои ба имзо расонидан омода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё созмони зери назари Русия аст, ки ба он Русияву Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон шомиланд. Русия борҳо аз Тоҷикистон хостааст, ки ба ин созмон бипайвандад. Аммо Тоҷикистон то ҳол хулосаи амиқе нисбати ин масъала набаровардааст.