Коҳиши 40 дарсадии муҳоҷирати кории тоҷикҳо
(last modified Fri, 08 Feb 2019 14:56:19 GMT )
Феврал 08, 2019 19:56 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 40 дарсадии муҳоҷирати кории тоҷикҳо

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз коҳиши қобили таваҷҷуҳи муҳоҷирати кории шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ дар 5 соли ахир хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Амин Сангинзода муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасте аз коҳиши 39.5 дарсадии муҳоҷирати кории тоҷикон ба кишварҳои хориҷӣ хабар дод.

Вай гуфт: Дар соли 2018 бар асоси баргаҳои муҳоҷиратӣ 484 ҳазору 176 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба хориҷ сафар карданд, ки 86.7 дарсад аз онҳо мард ва 13.3 дарсад зан буданд.

Сангинзода афзуд: Аз ин теъдод беш аз 463 ҳазор нафар ба Русия ва ҳудуди 14 ҳазор нафари дигар ба Қазоқистон сафар карданд.

Ба гуфтаи вай, теъдоди муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар соли гузашта дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли 2017 се ҳазору ва 581 нафар муодили як дарсад ва дар муқоиса бо 5 соли гузашта 315 ҳазору 522 нафар, муодили 39.5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Мақомоти Русия омори куллии муҳоҷирони хориҷӣ дар маҳдудаи ин кишварро 15 миллион нафар эълом карданд, ки беш аз 4 миллион нафари онҳо шаҳрвандони Узбакистон, беш аз 2 миллион нафар аз Тоҷикистон, 1.8 миллион нафар аз Украина ва 1.5 миллион нафари дигар аз Чин ва бақия аз соири кишварҳо ҳастанд.