Феврал 10, 2019 11:08 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷҷатулллоҳи Фағонӣ: Инқилоби исломӣ илҳомбахши озодихоҳӣ дар ҷаҳон аст

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо баршумурдани дастовардҳои инқилоби исломӣ дар чаҳор даҳаи гузашта, ин инқилобро илҳомбахши таҳаррукоти озодихоҳона дар паҳнаи васее аз ҷаҳон донист.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ афзуд: Шуҷоати Эрон дар истодагӣ муқобили истикбори ҷаҳонӣ ва ҳамдастони минтақаии он, илҳомбахши таҳаррукоти озодихоҳона дар паҳнаи васее аз ҷаҳон, аз Амрикои Лотин гирифта то Африқо ва Осиёи Ғарбӣ шудааст.

Сафири Эрон дар Душанбе гуфт: Бисёре аз огоҳон ва нозирони сиёсӣ, мавҷи бедории исломӣ дар минтақаро илҳомгирифта аз паёми инқилоби исломӣ медонанд.

Фағонӣ бо баёни ин ки бо вуқӯи инқилоб Эроне, ки ифтихори давлаташ жондормии Амрико буд, ба кишваре худбовар ва худиттико табдил шуд, гуфт: Ин худбоварӣ чунон буд, ки фарзандони инқилоб дар музокироте камназир дар таърихи дипломатия, муқобили бузургтарин қудратҳои ҷаҳон дар қолаби гурӯҳи 5+1 нишастанд ва музокирае таърихӣ карданд. Музокироте, ки Трамп ба унвони раиси ҷумҳурии кишваре, ки иддао мекунад қудрати аввали дунёст, натоиҷи онро барои Амрико ва муттаҳидонаш фоҷиабор хонда аст.

Ин дипломати эронӣ, бозгардондани дин ба арсаи ҳаёти сиёсиро мӯъҷизаи дигари инқилоби исломии Эрон донист ва афзуд: Инқилоби Эрон ғубори ғурбат аз чеҳраи нуронии дини мубини Ислом зудуд ва онро бар садр нишонд.

Фағонӣ тасреҳ кард: Инқилоби исломии Эрон бо ироаи «улгуи ҳукумати мардумсолори динӣ» нишон дод, бар хилофи илқооти касоне, ки фикр мекунанд дин ва исломи сиёсӣ, бо тавсеа ва демократия созгор нест, метавонад ба шакли беҳтар ва олитар каромати инсонӣ ва рушду пешрафти модӣ ва маънавии ҷомеаро рақам бизанд.

Сафири Теҳрон дар Душанбе афзуд: Албатта мустакбироне, ки моил нестанд шоҳиди илҳомбахшии ин улгуи ҳукумати динӣ бошанд, саъй мекунанд чеҳраи нокоромаде аз он ба намоиш дарояд ва ҳамзамон дар талош ҳастанд то чеҳраи дини мубини Исломро бо абзорҳои ба зоҳир динӣ бо созмондиҳии гурӯҳҳои такфирӣ ва ифротие чун ДИИШ ва Аннусра ва тарвиҷи тафаккуроти салафӣ ва ваҳобӣ мушавваш кунанд.

Фағонӣ дар идома бо ишора ба дастовардҳои инқилоб дар соири бахшҳо, ёдовар шуд: Эрон акнун дувумин кишвари дунё дар пайванди мағзи устухон ва яке аз чаҳор кишвари бартари ҷаҳон дар ҳавзаи фановарии нано ва селлулҳои бунёдӣ аст. Ба чархаи комили сӯхти ҳастаӣ барои масрафҳои сулҳомез даст ёфта ва дар бахшҳои дифоӣ, партоби моҳвора, тавлиди ҷангандаи бумӣ ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба дастовардҳои чашмгире расидааст ва ҳамаи инро дар шароити таҳмили ҷанги 8-сола ва таҳримҳои ба истилоҳ фалаҷкунанда ва танҳо бо такя бар тавони ҷавононаш ба даст овардааст.

 

Барчасп