Феврал 11, 2019 19:02 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоб

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба раисҷумҳури исломии Эрон, чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ба давлат ва мардуми Эрон табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо табрики чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ба ҳамтои эрониаш Ҳасани Рӯҳонӣ, таҳкими равобити дуҷонибаро хостор шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба раисҷумҳури Эрон, бо таъкид бар дастовардҳои чашмгири Эрон дар солҳои гузашта тасреҳ кард, Тоҷикистон алоқаманд ба таҳким ва густариши ҳарчи бештари муносиботи суннатӣ бо Эрон аст.

Вай дар паёми худ ҳамчунин барои мардуми Эрон саломатӣ ва муваффақият орзу кардааст.

 

Барчасп