Шаҳрдори Истаравшан: Аз масҷидҳо касе бо фикри солим берун наомадааст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i41640-Шаҳрдори_Истаравшан_Аз_масҷидҳо_касе_бо_фикри_солим_берун_наомадааст
Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Истаравшан дар як нишасти хабарӣ дар ин шаҳр гуфт, ба ҷойи зиёд кардани ҷавонони масҷидрав бояд сафи донишҷӯён ва кормандон зиёд шавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 12, 2019 14:03 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрдори Истаравшан: Аз масҷидҳо касе бо фикри солим берун наомадааст

Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Истаравшан дар як нишасти хабарӣ дар ин шаҳр гуфт, ба ҷойи зиёд кардани ҷавонони масҷидрав бояд сафи донишҷӯён ва кормандон зиёд шавад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, тайи ду соли ахир мақомоти шаҳри Истаравшан фаъолияти 36 масҷидро мутаваққиф кардаанд. Бинобар иттилои манбаъ, мақомоти шаҳри Истаравшан дар соли 2017 фаъолияти 24 масҷид ва соли 2018 12 масҷид дар ин шаҳрро мамнӯъ кардаанд.

Баҳром Иноятзода гуфт, имрӯз пайвастани аксари ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳама аз фикрҳои носолим сарчашма гирифта ва ин гуна фикрҳо ҳама аз масҷид дар сари ин ҷавонон ба вуҷуд омадааст. Ӯ афзуд, ҷавононе, ки ба донишгоҳҳо ворид мешаванд, метавонанд шуғл биёбанд, аз ин рӯ, на масҷид балки муассисаҳои омӯзиширо бояд зиёд кард.