Феврал 13, 2019 19:32 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли болоравии арзиши барқи Тоҷикистон барои Узбакистон

Ба кишвари ҳамсоя барқ қариб бо нархи баробар ба аҳолии кишвар фурӯхта мешуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ширкатҳои электроэнергетикии Тоҷикистону Узбакистон дар мавриди интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дар мавсими баҳору тобистони соли равон гуфтушунид доранд.

“Гуфтушунидҳо бо ҳамтоҳои узбак дар ин робита идома доранд. Дар вохӯрии навбатии ҳайатҳои ҳарду кишвар ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳо дар ин маврид дар назар буда, шартномаи дахлдор ба имзо хоҳад расид”, - хабар дод муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ.

Ӯ қайд кард, ки ҷонибҳо аз ҷумла тарифҳои фурӯши барқи Тоҷикистонро ба кишвари ҳамсоя байни ҳам мувофиқа мекунанд.

Мирзо Исмоилзода таъкид дошт, ки нисбат ба соли гузашта Тоҷикистон имсол барои нерӯи барқи худ ба Узбакистон нархи баландтарро пешниҳод дорад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Узбакистон барои 1 киловат соат нерӯи барқ ба Тоҷикистон 2 сент маблағ пардохт мекард.

Тарифи миёна ба барқ дар худи Тоҷикистон 17 дирам (1,8 сент) ва арзиши аслии нерӯи барқи Тоҷикистон 16 дирам (1,7 сент)-ро ташкил медод.

Ба гуфтаи Асозода, имсол ба Узбакистон содироти ҳудуди 1,6 миллиард киловат соат нерӯи барқ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли сипаришуда қариб 200 миллион киловат соат зиёдтар мебошад.

Соли гузашта аз Тоҷикистон ба Узбакистон 1 миллиарду 480 миллион киловат соат барқ интиқол дода шудааст.

Тоҷикистон аз моҳи апрели соли гузашта интиқоли барқро ба Узбакистон барқарор кард.