Афзоиши чашмгири мубодилаи тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон
(last modified Fri, 15 Feb 2019 15:25:56 GMT )
Феврал 15, 2019 20:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши чашмгири мубодилаи тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон

Раиси гумруки Тоҷикистон аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи мубодилаи тиҷории ин кишвар ва Узбакистон дар соли гузашта хабар дод.

Хуршед Каримзода раиси гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт: Мубодилаи тиҷорӣ миёни ин кишвар ва Узбакистон дар соли гузашта дар муқоиса бо соли 2015 ба таври қобили таваҷҷӯҳе рушд кардааст.

Вай гуфт: Гардиши молии миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, ки 4 соли қабл 14.9 миллион долларро ташкил медод, дар соли гузашта то 281.5 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Каримзода идома дод: Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Узбакистон дар соли 2015 мелодӣ 8.8 миллион доллар баровард шуда буд, аммо ин шохис дар соли 2018 мелодӣ 155.3 миллион долларро ташкил додааст.

Соли 2018 равобити Тоҷикистон ва Узбакистон беҳбуд ва миёни ду кишвар тавофуқномаҳои мухталифе ба маблағи беш аз 300 миллион доллар ба имзо расид.

Бино ба сӯҳбатҳои раиси гумруки Тоҷикистон, Узбакистон тайи ин солҳо вориди листи 5 шарики тиҷории Душанбе шудааст.

Дар ҷараёни сафари моҳи августи соли 2018 раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамтои узбаки вай гуфт, дар таомулоти ду кишвар фурсатҳои истифоданашудаи зиёде вуҷуд дорад ва бо тадовуми кор бо чунин суръате мо метавонем ба зудӣ ҳаҷми гардиши молӣ миёни ду кишварро то 500 миллион доллар афзоиш диҳем ва дар воқеъ зарфияти мо ҳадди ақал як миллиард доллар аст.

Ба ин тартиб, Русия бо беш аз як миллиард доллар, Қазоқистон 836 миллион доллар, Чин беш аз 651 миллион доллар, Туркия бо 402 миллион доллар ва Узбакистон бо беш аз 281 миллион доллар 5 шарики аслии тиҷории Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Барқ ва семент аз муҳимтарин маҳсулоте мебошанд, ки Тоҷикистон ба Узбакистон содир мекунад ва ин кишвар дар навбати худ ба Тоҷикистон ба таври умда газ ва маҳсулоти гуногун ворид мекунад.