Феврал 20, 2019 09:56 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди ҳудуди 200 ҳазор тон семент дар моҳи январ дар Тоҷикистон

Вазорати саноат ва технологияҳои муосири Тоҷикистон аз тавлиди наздик ба 198 ҳазор тон семент дар моҳи январ дар ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои муосири Тоҷикистон, ин мизон тавлиди семент дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли 2018 беш аз 16 ҳазор тон афзоишро нишон медиҳад.

Аз ин мизон маҳсул 87 ҳазор тон ба Узбакистон, 30 ҳазор тон ба Афғонистон ва беш аз 6 ҳазор тон ба Қирғизистон содир шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон дар соли 2018, дар ин кишвар се миллиону 843 ҳазор тон семент тавлид шуд, ки дар торихи ин ҷумҳурӣ рекорд ба ҳисоб меояд.

Ҳамчунин дар соли 2018 нахустин бор дар таърихи Тоҷикистон беш аз як миллиону 437 ҳазор тон семент аз ин кишвар ба хориҷ содир шуд, ки арзиши молии ин содирот 65 миллиону 400 ҳазор доллар эълом шудааст. Се кишвари Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон аз харидорони аслии сементи Тоҷикистон ҳастанд.

Дар Тоҷикистон 14 корхонаи тавлиди семент фаъол аст, ки дар15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии мутахассисони чинӣ сохта шудааст.

Бар асоси омори Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин кашвар заминаи тавлиди солона наздик ба чаҳор миллион тон семент вуҷуд дорад.

 

Барчасп