Тоҷикҳо пешқадами иқомати доим дар Русия
Кумитаи давлатии омори Русия эълом кард, ки дар соли 2018 наздик ба 31 ҳазору 31 тоҷикистонӣ муҷаввизи иқомати доим дар ин кишварро дарёфт кардаанд, ки бесобиқа аст.
Ба гузориши сомонаи Кумитаи давлатии омори Русия, то соли 2017 , шаҳрвандони украинӣ дар мақоми нахусти дарёфти тобеияти Русия буданд, аммо дар соли 2018 тоҷикҳо аз онон пешӣ гирифтаанд.
Бар ин асос, бо муҳоҷирати тоҷикҳо ба Русия, рушди 25 дарсадии афзоиши ҷамъияти ин кишвар дар соли 2018 таъмин шудааст.
Коршиносон мегӯянд, ҳамасола ҳазорон тоҷики мутахассис бо тарки Тоҷикистон ба Русия мераванд ва донишомӯхтагони донишгоҳҳо бидуни таҷруба вориди бозори кори Тоҷикистон мешаванд, ки наметавонанд ҷои ононро пуркунанд. Ин дар ҳоле аст, ки ба далели набуди ҷои кори муносиб бо ҳуқуқи кофӣ дар Тоҷикистон, ҳазорон тоҷик барои рафтан ба Русия дар сафорати ин кишвар дар Душанбе сабти ном кардаанд.
Сафи тӯлонии довталабони тоҷикистонии муҳоҷират ба Русия мӯҷиб шудааст, ки дафтари намояндагии вазорати кишвари Русия эълом кунад, ки барои соли 2019 дигар имкони пазириш вуҷуд надорад.
Манобеи вазорати кишвари Русия мегӯяанд, ки дар соли 2017 низ беш аз 29 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба тобеияти Русия даромаданд.
Бар асоси омори расмӣ дар беш аз ду даҳаи гузашта, илова бар як миллион нафар аз русзабононе, ки аз Тоҷикистон ба Русия кӯч карда ва тобеият гирифтаанд, беш аз 600 ҳазор нафар аз тоҷикҳо низ тобеияти русӣ дарёфт кардаанд.