Феврал 25, 2019 19:16 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистониҳо дувумин ҷамъияти муҳоҷир дар Русия

Вазорати кишвари Русия дар гузорише эълом кард, як чаҳоруми муҳоҷирони ғайриқонунии ин кишвар дар соли 2018 тоҷикистонӣ будаанд.

Ба нақл аз Форс, бар асоси эъломи Вазорати кишвари Русия, дар 2018 номи 2 миллиону 330 ҳазор шаҳрванди тоҷикистонӣ ба унвони муҳоҷир дар маркази муҳоҷирати Русия ба сабт расидааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат номи як миллиону 530 ҳазор нафар муҳоҷири тоҷикистонӣ низ аз феҳристи муҳоҷирон ҳазф шудааст.  

Тоҷикистон пас аз Узбакистон дувумин кишвари муҳоҷирфирист ба Русия аст.  

Узбакистон дар 2018 бо 4 миллиону 500 ҳазор шаҳрванди муҳоҷир дар Русия бештарин шумори муҳоҷиронро дар ин кишвар ба номи худ сабт кард.

 

 

Барчасп